Ссылки доступа

"Гузоришгарони бидуни марз" Тоқаевро ба даст кашидан аз шеваҳои Назарбоев даъват кард


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон "сензураи сартосарии Интернет"-ро дар Қазоқистон маҳкум карда, президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаевро ба даст кашидан аз шеваҳои таъқибгароёнаи ҳамтои пешинаш Нурсултон Назарбоев даъват кард

Дар изҳороти созмон омадааст, ки субҳи 9 май дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, YouTube, паёмакрасони Telegram ва чандин сомонаи хабарӣ дар Қазоқистон маҳдуд карда шуданд.

Ба гуфтаи "Гузоришгарони бидуни марз", сабаби маҳдудияти навбатӣ эътирози осоиштае гашт, ки мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов аз хориҷ ба он даъват карда буд".

"Мақомоти Қазоқистон агар мехоҳанд, воқеӣ будани раванди ислоҳоти худро нишон диҳанд, бояд аз таҷрибаҳои таъқибгароёнаи пешин даст бикашанд. Сензураи дастрасӣ ба Интернет яке аз омилҳое ҳаст, ки Қазоқистонро дар раддабандии ҷаҳонии озодии баён дар миёни 180 кишвар дар мақоми 158-ум қарор додааст. Ин нишондод ба имиҷи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд", - гуфтааст раҳбари бахши созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ҷоҳанн Бир.

"Гузоришгарони бидуни марз" мегӯяд, маълум аст, мақомоти Қазоқистонро мавҷи эътирозҳое ба ғазаб овардааст, ки дар пайи истеъфои Нурсултон Назарбоев дар миёнаҳои моҳи март оғоз шуданд. Ба назари масъулони созмон, мақомоти Қазоқистон солҳои ахир батадриҷ сензураро дар расонаҳо ва Интернет сахттар карда, "нашрияҳои миллии мухолифи асосиро дар соли 2012 бастанд".

9 май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва чанд сомонаи хабарии маҳаллӣ низ маҳдуд буд. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро боздошт карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ - аз сокинон хост, бо нишони эътироз ба кӯча бароянд.

XS
SM
MD
LG