Ссылки доступа

Дар оташсӯзии пойгоҳи нафт дар Қирғизистон ду тан захмӣ шуданд (видео)


Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон оташсӯзӣ дар пойгоҳи нафт идома дорад. Ба иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 7 дастаи сухторнишонӣ бо оташ мубориза мебарад.

Ба иттилои хабарнигорон, дар ин оташсузӣ ҳадди ақал ду тан маҷруҳ шудааст. Як сокини ноҳияи Сузаки Қирғизистон бо 50 дарсади сухтагӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Маҷруҳи дигар коргари сухторнишонӣ аст, ки аз қисмати рӯяш маҷруҳ шудааст.

Оташсӯзӣ дар пойгоҳи коркарди нафт сар зад. Дар наздикии пойгоҳ манзилҳои истиқоматӣ мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG