Ссылки доступа

Дар пойтахти Қазоқистон Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ барпо мешавад


Дар пойтахти Қазоқистон соли 2021 Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размии "СпортАккорд" баргузор мешавад. Чунин қарор 10 май дар шаҳри Голд-Кости Австралия қабул шуд.

Аз рӯи нақша, аз 3 то 9 майи соли 2021 дар варзишгоҳҳои қасри "Алау", майдони дучархаронии "Сариарк", Қасри гӯштӣ мусобиқа баргузор хоҳад шуд. Дар барномаи бозиҳо муштзанӣ, гӯштӣ, дзюдо, шамшерҷанг, айкидо, каратэ, кикбонсинг, самбо ва ғайра шомил шудааст.

Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ аз соли 2010 ба ин тараф баргузор мешавад. Нахустин бор дар шаҳри Пекини Чин доир шуда буд, бори дувум дар соли 2013 дар Санкт-Петербурги Русия ва бори севум қарор аст, соли ҷорӣ дар Тайбэ доир шавад.

XS
SM
MD
LG