Ссылки доступа

Дархости "Тоҷикфилм" аз YouTube барои назорати блогерони тоҷик


"Тоҷикфилм" кӯшиш дорад, ки муҳтавои видеои блогерони тоҷикро дар Ютуб назорат кунад. Мақомоти андоз мегӯянд, онҳо мисли ҳар шаҳрванди дигари Тоҷикистон бояд молиёт супоранд.

Баъзе аз видеоблогерон бо ҳар ду ақидаи мақомот розӣ нестанд ва онро навъе фишор ва кӯшиши ҷорӣ кардани сензура медонанд.

Идораи давлатии "Тоҷикфилм" ба унвонии маъмурияти шабакаи YouTube нома навишта, дархост кардааст, ки бе мувофиқа бо онҳо видеоҳои блогерони тоҷикро нашр накунанд. Масъулони “Тоҷикфилм” мегӯянд, аз муҳтавои видеоҳои бархе аз блогерҳо "шармашон меояд".

Иддаое, ки худи блогерон қабул надоранд ва мегӯянд, он чизеро сабту нашр мекунанд, ки бештар ба худу муштариёнашон писанд ​аст.

Носир Раҳмон, мудири муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", охири ҳафта гуфт, мувофиқи қонунгузории кишвар барои истеҳсол ва нашри маводи аудиовизуалӣ, яъне видеороликҳо таҳиягарон бояд иҷозатнома бигиранд. Ӯ гуфт, зидди фаъолияти видеоблогерҳо нестанд, аммо аз муҳтавои пасти бархе аз видеоҳо нигаронанд.

“Мо муҳтавои видеоҳои онҳоро бояд бинем. Баъзан видеоҳои онҳоро тамошо карда, кас шарм медорад. Видеоҳое, ки аз ҷумҳуриҳои дигар дар Ютуб мегузоранд, мебинед ва роҳат мекунед. Аммо аз мо “колхоз шуда рафтааст”, -- иброз дошт ӯ.

Ютуб дар Тоҷикистон марказ надорад. Носир Раҳмон гуфт, намояндагони Ютубро гӯё дар Қазоқистону Русия пайдо карда ва ба онҳо нома фиристодаанд, ки баъзе аз маводро бе иҷозати онҳо нашр накунанд.

Саидҷон Юсуфзод, ҷавони тоҷик, дар YouTube саҳифа дорад ва мегӯяд, сабту нашри видеоҳо як шуғли дӯстдоштааш аст. Вай мегӯяд, “ин саҳифаро худам таъсис додам, навору маводе, ки ба ман писанд аст, ҳамонро нашр мекунам. Ягон қонунро вайрон намекунам, чаро бояд аз касе ё идорае барои ин кор иҷоза пурсам?”

Саидҷон эътироф мекунад, баъзе аз навору видеоҳое, ки блогерон дар шабака нашр мекунанд, меъёрҳои ахлоқро нақз мекунад. Аммо мегӯяд, ин баҳонае барои назорати комили блогерон буд наметавонад.

“Вақтҳои охир видеоҳое ба мисли “зани шавҳардорро ҳангоми зино қапиданд”, “келинро бо марди бегона ёфтанд” зиёд шудааст. Баъзеҳо ба хотири чанд сум ҳамин хел видеоҳои беобрӯкунандаро мегузоранд. Ман ҷонибдорам, ки ҳамин хел саҳифаҳоро танзим кунанд. Барои он шикоят ба Ютуб кофист, то баъди баррасӣ видеоро гузорад ё ин ки ҳазф кунад”, -- мегӯяд Юсуфзод.

Соли 2018 маъмурияти YouTube тасмим гирифт, тақрибан 60 дарсади даромаде, ки аз ҳисоби реклама ё таблиғ дар саҳифаҳои офарандагони контент ба даст меорад, ба соҳибони он пардозад. Овозаи имконияти пул кордан анбуҳи блогерҳои тоҷикро ба YouTube кашонд.

Ҳоло дар ин шабакаи иҷтимоӣ садҳо ҷавони тоҷик саҳифаҳои худро доранд ва пайваста дар он видео нашр мекунанд ва бинандагонро беист ба обуна шудан ба саҳифаи худ ва “лайк” гузоштан ташвиқ мекунанд.

Саҳифае, ки дар YouTube беш аз ҳазор обуначӣ ва дар як соли охир тамошобинон видеоҳои ӯро на кам аз 4 ҳазор соат тамошо кардаанд, имкони даромад гирифтанро дорад. Дар ҳавзаи пасошӯравӣ айни замон маъмурияти YouTube барои ҳазор тамошо (просмотр) аз 20 то 50 сент медиҳанд.

XS
SM
MD
LG