Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон кормандони интизомӣ хонаи рӯзноманигор Маҳмуд Раҷабро бозҷӯӣ карданд


Кормандони интизомии Ӯзбекистон 10 май манзили зисти рӯзноманигор ва шоири 55-сола Маҳмуд Раҷабро дар ноҳияи Гурлани вилояти Хоразм кофтукоб карданд.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, кормандони интизомӣ пас аз ду соати бозҷӯӣ ноутбук, телефон, чанд диски CD/DVD ва китоби "Таърихи паёмбарон"-еро бо худ бурданд, ки муаллифаш раҳбари "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" ва ҳизби мухолифи "Эрк" Муҳаммад Солеҳ аст.

"7-8 кас буданд. Онҳо гуфтанд, ки дар хонаи ман маводи динии ифротгароӣ меҷӯянд. Ба ҷуз аз ноутбук, телефон, китоб ва чаҳор акси Муҳаммад Солеҳро низ бо худ бурданд. Зоҳиран фикр карданд, ки аксҳо ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешаванд", - афзуд ӯ.

Рӯзноманигори ӯзбек мегӯянд, кормандони интизомӣ ба ӯ қарори бозҷӯӣ шудани манзили зисташро нишон надодаанд ва бинобар ин, ӯ амали онҳоро ғайриқонунӣ ҳисобида, аз имзои санад худдорӣ кардааст.

Дар Раёсати пулиси вилояти Хоразм сабабҳои бозҷӯии манзили зисти Маҳмуд Раҷабро шарҳ надоданд. Худи рӯзноманигор бозҷӯии хонаашро ба қазияи китобҳое рабт медиҳад, ки ду моҳ пеш бо дархости ҳаводорон ва наздикони Муҳаммад Солеҳ аз Туркия оварда буд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон охирҳои моҳи март аз Маҳмуд Раҷаб телефони ҳамроҳ ва 26 китоб мусодира карда буданд.

Маҳмуд Раҷаб ҳангоми бозгашт аз шаҳри Тифлиси Гурҷистон дар Истамбул бо Муҳаммад Солеҳ мулоқот кард, ки дар Туркия паноҳ мебарад. "Бародар ва дигар ҳаводорони Муҳаммад Солеҳ аз ман хоста буданд, ки китобҳояшро биорам", - мегӯяд Маҳмуд Раҷаб.

Аммо дар гумруки фурудгоҳи Тошканд китобҳоро аз рӯзноманигор мусодира карданд.

XS
SM
MD
LG