Кочаряни 64-сола, ки аз соли 1998 то 2008 президенти Арманистон буд, бар асоси ҳаводиси 1 марти соли 2008 айбдор мешавад.
1 марти соли 2008 пулис эътирозгаронро саркӯб кард ва дар он ҳодиса ҳашт одам куштаву 2 корманди пулис маҷруҳ шуданд. Пеш аз оғози саркӯбҳо Кочарян ҳолати фавқулода эълом карда буд.
Президенти пешин аз моҳи декабр ба ин сӯ дар ҳабс қарор дорад.
"Парвандаи 1 март" муддати тӯлоние таҳқиқ нашуд, аммо баъди "инқилоби махмалин"-и соли 2018 ва сари қудрат омадани Никол Пашинян дубора рӯи даст гирифта шуд.