Ссылки доступа

Алишер Усмонов дар шумори 10 сокини сарватмандтарини Бритониё қарор гирифт


Нашрияи The Times рӯйхати 1000 сокини сарватманди Бритониёро нашр кард. Се тоҷири Русия дар шумори 10 сокини сарватмандтарини Бритониё қарор гирифтаанд.

Дар рӯйхати анъанавие, ки ҳамасола нашр мешавад, бори аввал аст, ки Михаил Фридман - яке аз ҳаммуассисони Alfa Group ва ширкати сармоягузори LetterOne - низ шомил мешавад. Фридман бо 10,9 миллиард фунт стерлинг дар мақоми 9 қарор дорад.

Ба навиштаи расона, Фридман дар соли 2016 бо арзиши 65 миллион фунт дар шимоли Лондон манзил харидааст. Forbes аз вай ба унвони сарватмандтарин сокини пойтахти Бритониё ном бурда буд.

Алишер Усмонов - олигархи ӯзбектабори Русия дар мақоми ҳаштум қарор дорад. Ба навиштаи расона, вай бештар аз 11 миллиард фунт дорад. Усмонов зодаи вилояти Намангони Ӯзбекистон аст. Вай мудовим ба рӯйхати одамони сарватманди Русия шомил мешавад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 12,6 миллард доллар баҳо дода буд.

Дар рӯйхати 1000 сокини сарватманди Бритониё Роман Абрамович бо 11 миллиард фунт дар мақоми 8 қарор гирифтааст. Ба иттилои нашрия, ҳам Усмонов, ҳам Абрамович соли гузашта сарвати бештар ҷамъ кардаанд.

Дар мақоми аввал зодагони Ҳинд - бародарон Шрӣ ва Гопӣ Ҳиндуя бо 22 миллиард фунт стерлинг ҷо гирифтаанд. Онҳо ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат ва молия машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG