Ссылки доступа

Кормандони варзишгоҳи Ваҳдат 13 моҳ музди кор нагирифтаанд


Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки бо 25 ҳазор ҷой нишаст мизбонии чорабиниҳои муҳим ба ҳисоб меравад, 13 моҳ мешавад маоши кормандони худро пардохт накардааст.

Масъулини варзишгоҳ пардохт нагардидани маоши кормандонро тасдиқ намуда, гуфтанд, феълан тавони пардохти онро надоранд. Муҳаббат Раҳимова, фарроши варзишгоҳ гуфт, борҳо ба ҳукумати Ваҳдат муроҷиат кардаанд, ки музди корашонро пардозанд, вале посухи манфӣ шунидаанд.

Ҳамсӯҳбатамон гуфт, дар ҳукумат ба ӯ ва ҳамкоронаш гуфтаанд, ки агар намехоҳанд, корро бас кунанд: “Арзу додамонро ба куҷо гӯем, ҳукумати ноҳия рафтем ваъда доданд, лекин пардохт накарданд, боз дубора рафтем гуфтанд, зӯратон омада бошад кор накунед. Дигар ҳеҷ ҷой кор нест, дар куҷо кор кунем? Шавҳари бемор дорам, касе кор намекунад дар хонаводаамон, зиндагиро чӣ хел пеш барем?”.

Хонум Раҳимова афзуд, ҳамагӣ 355 сомонӣ мегирад ва ба ӯ маълум нест, ки маблағҳое, ки аз ҳисоби баргузории чорабиниҳо дар варзишгоҳ ба даст меоянд, ба куҷо мераванд.

Як корманди дигари варзишгоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ба сабаби таъхири зиёд дар пардохти музди кор бархе ҳамкоронаш корро бас кардаанд: “Сенздаҳ моҳ шуд, бе маош кор мекунем, инҷо ба ғайр аз музди кор даромади дигаре нест, касе кори дигар меёбад, меравад. Ҳамагӣ 11 корманд мондааст, ки маош нагирифтаанд."

Ба андешаи ӯ, варзишгоҳ имкони пардохти музди корашонро дорад, зеро бе даромад нест: "Чандин корсертҳои бузург ва дигар чорабиниҳои варзишӣ дар ҳамин ҷо баргузор шуд, зиёда аз 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад, ҳар як билетро ба ҳисоби миёна 40 сомонӣ ҳисоб кунед, танҳо аз як чорабинӣ 1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ҷамъ мешавад, ҳоло он ки дар баъзе консертҳо одам хеле зиёд меояд, билетҳо то 80 сомонӣ ҳам фурухта мешаванд."

Дар ҳукумати ноҳияи Ваҳдат аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданднд ва танҳо гуфтанд, ки муассисаи давлатии Варзишгоҳи марказӣ худмаблағгузор буда, бояд масъулинаш ба масъалаи пардохт нагардидани маоши кормандон посух гӯянд.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, аз варзишгоҳҳои калони кишвар ба ҳисоб рафта, моҳи моҳи июни соли 2017 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта буд. Ҳини ба истифода додани ин варзишгоҳ, масъулин гуфтанд, ки барои сохтмони он 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи марказӣ ҷудо гардидааст.

XS
SM
MD
LG