Ссылки доступа

Додгоҳи ИМА даъвои чандмиллионӣ зидди Қазоқистонро қабул накард


Додгоҳе дар ИМА даъвои 180 миллионӣ зидди Вазорати энержии Қазоқистонро рад кард, ки аз сӯи ширкатҳои амрикоии Turan Petroleum, Inc., Energyfund, Inc. ва Trustees for Trek Resources, Inc ба додгоҳ бурда шуда буд. Дар ин бора вазорати адлияи Қазоқистон 13 май хабар дод.

Даъво ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2010 ба додгоҳ рафта буд. Ширкатҳои даъвогар мегӯянд, ҷониби Қазоқистон шартномаи коркард ва истифодаи чоҳҳои нафту гази Арис ва Аралро дар Қазоқистон риоя накардааст.

Хабаргузории Informburo.kz иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи коркард ва истифодаи чоҳи Арал "ба далели иҷро накардани уҳдадориҳо аз сӯи сармоягузорон" дар соли 2005 бекор шуда буд.

Шартнома оиди чоҳи нафти Арис дар соли 2010 аз сӯи Қазоқистон якҷониба бекор гардид. Интизор мерафт, созишнома 25 сол амал карда, бештар аз миллиард доллар фоида орад.

Додгоҳ парвандаро "ба далели берун будан аз доираи салоҳиятҳояш бекор кард", хабар медиҳад вазорати адлияи Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG