Ссылки доступа

Чин дар посух ба қарори Трамп боҷи молҳои амрикоиро боло бурд


Чин боҷи гумрукии молҳои амрикоиро боло бурд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба комисияи сиёсати тарифҳои Шӯрои давлатии Чин хабар доданд.

Тасмими мазкур ҳамчун иқдоми ҷавобӣ ба қарори президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи афзоиши боҷи молҳои чинӣ гирифта шудааст.

Бино ба хабарҳо, мақомоти Пекин боҷ аз молҳои алоҳидаи амрикоиро аз 5 то 25 дарсад боло хоҳанд бурд ва маблағи умумии он ҳудуди 60 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Қарори Трамп дар бораи боло бурдани боҷи гумрукии молҳои чинӣ, пеш аз ҳама ба қисмҳои эҳтиётӣ дахл дорад ва маблағи умумии он 200 миллиард доллар аст.

Президенти ИМА Чинро пеш аз эъломи таҳрими ҷавобӣ ҳушдор дода буд. “Дигар касе барои тиҷорат кардан нахоҳад монд. Ин барои Чин бад ва барои ИМА хеле хуб аст! Чин тайи чандин сол аз ИМА истифода кард. Бинобар ин, Пекин набояд посух диҳад. Зеро вазъ танҳо бадтар хоҳад шуд!”, - навишт Трамп дар Твиттер.

Президенти кунунии ИМА дар маъракаҳои интихоботии худ ваъда дода буд, ки барои ҳифзи ширкатҳои амрикоӣ аз молҳои хориҷӣ чораҳоеро хоҳад андешид. Трамп борҳо раҳбарони пешини ИМА-ро ба он айбдор карда буд, ки барои пешгирӣ аз нуфузи Чин дар бозорҳои Амрико даст ба иқдоми ҷиддие назаданд.

XS
SM
MD
LG