Ссылки доступа

Ҳукми "фасодкорон" дар озмуни таҳияи шиносномаҳои қирғизӣ ба ҳабси хонагӣ иваз шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳукми ҳабси мудири корхонаи давлатии "Инфоком" Талант Абдуллоевро, ки дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар озмуни таҳияи шиносномаҳои нав дастгир шуда буд, ба ҳабси хонагӣ тағйир дод.

Ҳукми гумонбари дигари парванда -- муовини раиси Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон Руслан Сарибоев низ 26 апрели соли равон ба ҳабси хонагӣ тағйир ёфта буд.

Дар Қирғизистон бояд аз аввали соли 2019 додани шиносномаҳои электронӣ ба шаҳрвандон оғоз мешуд. Хадамоти хариди давлатии ин кишвар соли 2018 барои харидории бланкаҳои шиноснома озмун эълом кард. Дар ин озмун панҷ ширкат иштирок карда, "Гарсу Пасаулис" баранда эълом шуд. Дар натиҷа ширкати олмонии "Muhlbauer ID Services" ва ширкати фаронсавии "IDEMIA France" эътироз карданд, ки ҳангоми баргузории озмун тақаллубкорӣ шудааст.​

Пештар додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов дар як ҷаласаи порлумон хабар дод, ки мудири ширкати "Инфоком" Талант Абдуллоев, котиб ва муовини раиси Хадамоти қайди давлатии ин кишвар - Даниёр Бакчиев ва Русланбек Сарибоев дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар озмуни таҳияи шиносномаҳои нав боздошт гаштанд.

XS
SM
MD
LG