Ссылки доступа

Шаҳбоз Раҷабзодаро аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ронданд


Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, Шаҳбоз Раҷабзода, раиси Терминали рақами 1-и шаҳри Душанбе баъд аз ҷаласаи рузи 10 май дар ҳузури президент аз кор озод шудааст.

Як масъули дафтари матуботии хадамоти гумрук рузи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбоз Раҷабзода аз сафи ин хадамот, пас аз интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон ронда шуд. "Аз кор дар мақомоти гумрук озод шудааст ва ҳоло дигар дар куҷо аст, барои мо маълум нест," - гуфт ҳамсуҳбати мо. Талошҳо барои пайдо кардани худи Раҷабзода бенатиҷа буд.

Рӯзи 10 май дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз президенти Тоҷикистон Шаҳбоз Раҷабзода, корманди баландпояи гумрукро таҳти истинтоқи шадид қарор дод.

Шаҳбоз Раҷабзода писари Музаффар Раҷабзода, сардухтури маркази бемориҳои дил дар беморхонаи Қарияи боло аст. Худи Музаффар Раҷабзода субҳи 13-уми май дар пушти дари утоқи корияш бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат накард ва танҳо бо шунидани ин ки хабарнигор ҳастанд, фавран хост онҷоро тарк кунанд.

Ӯ бидуни шунидани саволи хабарнигорон зоҳиран бо дарки асли мақсади ташрифи намояндагони матбуот гуфт: "Шахсияти ҳар кас дигар аст. Ҳар кас барои кори худаш ҷавоб гӯяд."

Дар саволу ҷавоби бисёр шадидлаҳни президент бо Шаҳбоз Раҷабзода, маълум шуд, ки ӯ давоми ҳамагӣ 1 солу 8 моҳ дар мақоми раҳбарии яке аз нуқтаҳои гумрукии муҳими пойтахт кор карда, феълан соҳиби се хона ва як мошин аст. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ аз як лейтенанти оддӣ то рутбаи подполковникӣ расида, ба гуфтаи президент 16 маротиба ба хориҷи кишвар сафар кардааст.

XS
SM
MD
LG