Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон бемори равонӣ навраси 15-соларо таҷовуз кардааст


Мудири яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Чортоқи Ӯзбекистон хабари таҷовуз шудани хонандаи синфи ҳаштуми таълимгоҳи зери раҳбарии худро тасдиқ кард.

Ба огаҳии Додситонии кулли Ӯзбекистон, ҳодиса 12 майи соли равон дар ноҳияи Уйчии вилояти Намангон рух додааст.

Мудири мактаб, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, хонанда пеш аз таҷовуз латтукӯб шудааст. "Ҳодиса замоне рух дод, ки писарбача аз хонаи хешонаш бармегашт. Ҳоло кӯдак дар беморхона аст. Гумонбарро боздошт карданд. Пештар низ барои таҷовуз зиндонӣ шудааст", - афзуд мудир.

Ҳамсуҳбати мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Намангон гуфт, дар ҳоли ҳозир роҷеъ ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. "Ба гумонбар бо назардошти ноболиғ будани ҷабрдида ва собиқаи судӣ барои таҷовуз ҷазои сангин таҳдид мекунад", - изҳор дошт вай.

Дар хадамоти матбуотии Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфтанд, ки мард гирифтори бемории равонӣ аст.

XS
SM
MD
LG