Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ба дидори Путин меравад


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА интизор меравад, 14 май бо президенти Русия Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот кунад.

Қарор аст, ин мулоқот дар Сочии Русия барпо шавад. Пештар хабар дода шуд, ки Помпео 13 май ба Москва меревад, аммо баъдтар вай ба далели ширкат дар ҷаласаи Брюссел ва баррасии масъалаи Эрон бо роҳбарони аврупоӣ сафари Москваро бекор кард.

Сафари Помпео ба Русия нахустин сафари вай ба ҳайси котиби давлатии ИМА аст. Ва ин сафар низ дар ҳоле анҷом мешавад, ки танишҳо миёни Вашингтон ва Москва идома доранд. Мулоқот дар Сочӣ, баъди дидори Путину Трамп дар моҳи июли соли 2018 дар Ҳелсинкӣ, нахустин мулоқоти сатҳи олӣ миёни намояндагони Русияву ИМА хоҳад буд.

Ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, дар Сочӣ назорати силоҳсозӣ, буҳрони Венесуэла, низои шарқи Украинаву Сурия, инчунин вазъ атрофи Эрон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG