Ссылки доступа

Вазорати корҳои хориҷии Туркия аз сафираш дар Қирғизистон ҳимоят кард


Вазорати корҳои хориҷии Туркия вокуниши сафири ин кишварро дар Қирғизистон дар маросими ифторе бо иштироки роҳбари пешини "Себат" "одилона" унвон кард.

Сафорати Туркия дар Қирғизистон изҳороти сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия Ҳамӣ Оқсойро дар робита ба даъват шудани роҳбари пешини мактабҳои "Себат" ба ифтор нашр кард.

"Ғайри қобили қабул аст, ки дар ифтори аз сӯи муфтиёти Қирғизистон рӯзи 8 май ташкилшуда роҳбарони пешини мактбаҳои туркӣ даъват шуданд. Аммо сафири Туркия дар Қирғизистон ҳам, ки ба ин ифтор даъват шуда буд, ин ҳолатро дида, вокуниши худро расонидааст, ки одилона буд", - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шудааст, "мубориза бо сохторҳои Фатҳуллоҳ Гюлен дар хориҷи Туркия яке аз самтҳои афзалиятнок аст". "Мо борҳо гуфтем, ки ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен хатар дорад. Мо интизор дорем, ки ин мавзуъ на танҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, балки аз сӯи ҳамаи ниҳодҳои миллӣ ҷиддӣ гирифта мешавад", - омадааст дар изҳорот.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, сафири Туркия ба нишони эътироз ифтореро тарк мекунад.

Комил Фурот ба иштироки раҳбари пешини шабакаи мактабҳои "Сапат" Орхан Инон дар ифтори мазкур норозигӣ баён кардааст. Дипломати турк муфтии Қирғизистон Мақсадбек Тоқтомушевро сарзаниш карда, гуфтааст, "ё Туркия ё созмони террористиро интихоб кунед". Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Туркия бо 35 млн доллар дар Қирғизистон масҷид сохт.

Ин ҳодиса 8 май рух дода, талошҳо барои дарёфти назари сафорати Туркия дар ин замина бенатиҷа буданд.

Мактабҳои "Сапат" соли 1992 фаъолиятро дар Қирғизистон бо номи "Себат" оғоз карданд. Бунёдгузори онҳо руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст, ки Анқара ӯро дар ташкили табаддулоти нокоми давлатӣ дар Туркия айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG