Ссылки доступа

Вакили пешини порлумони Қирғизистон барои "заминфурӯшӣ" 7 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон вакили пешини порлумони ин кишвар Музаффар Исоқовро дар берун рафтан аз салоҳиятҳои худ айбдор эълом ва 7 сол бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба гуфтаи вакили дифои айбдоршуда Анорбой Орозов, ҳукми мазкур 13 май содир шудааст. Ҷониби айбдоркунанда барои ӯ 12 соли зиндон бо мусодираи амволро талаб карда буд.

Додситонии кулли Қирғизистон 13 феврали соли 2017 зидди вакили вақти порлумони ин кишвар Исоқов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Исоқов гӯиё ҳангоми раиси ҷамоати Тош-Булак будан, солҳои 2010-2015 бо масъулони Идораи қайди давлатӣ ва меъмории ноҳияи Сузак ғайриқонунӣ 14,34 ҳектар заминро барои бунёди манзилҳои зисти хусусӣ ҷудо кардаанд.

Дар рафти тафтишот чандин сокини маҳаллӣ баёнот додаанд, ки Исоқов барои ҷудо кардани ҳар як қитъаи замин аз 1,5 то 3 ҳазор доллар гирифтааст. Дар натиҷа Исоқов 31 марти соли 2017 ба ҳабс гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG