Ссылки доступа

Пентагон ба Ховари Миёна 120 000 низомӣ фиристоданист


Вазорати дифои ИМА пешниҳод кард, ки агар Эрон "коркарди силоҳи ҳастаиро тезонад" ба Ховари Миёна 120 ҳазор низомӣ фиристода шавад. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи сешанбе бо истинод ба як манбаъ дар Кохи сафед хабар дод.

Тарҳи мазкурро иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои ИМА Патрик Шэнаҳэн муаррифӣ кардааст ва яке аз ташаббускорони афзоиши шумори низомиён дар Ховари Миёна мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон аст.

Нашрия мегӯяд, сухан аз амалиёти низомӣ дар ҳудуди Эрон намеравад. Ба гуфтаи манбаи The New York Times, амалиёти мазкур шумори бештари низомиёнро талаб мекунад.

XS
SM
MD
LG