Ссылки доступа

Раҳбари Эрон: "Бо Амрико ҷанг нахоҳад шуд"


Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтааст, ки ҳеҷ ҷанге бо Амрико рух нахоҳад дод. Ӯ ҳамзамон ҳар гуна музокиротро бо Вашингтон бар сари созиши ҳастаӣ рад кард. Оятуллоҳ Хоманаӣ ин суханонро рӯзи сешанбеи 14-уми май дар мулоқот бо мақомоти давлатӣ ва интизомии Эрон баён дошт.

Раҳбари Ҷумҳурии исломӣ дар бораи сабабҳои музокира накардани Эрон бо Амрико гуфт, "ҷанге ба вуқуъ намепайванд ва интихоби қатъии миллати Эрон муқовимат дар муқобили Амрико аст ва дар ин рӯёрӯӣ, Амрико водор ба ақибнишинӣ хоҳад шуд".

Вай изофа кард, "ин рӯёрӯии низомӣ нест, чун қарор нест ҷанге сурат бигирад. На мо дунболи ҷанг ҳастем, на онҳо, чун медонанд, ки ба нафъашон нест".

Вазири умури хориҷии Амрико ҳам рӯзи сешанбеи 14-уми май пас аз мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Москва таъкид кард, ки ин кишвар ба дунболи ҷанг бо Эрон нест, аммо фишорҳо бар Теҳронро ҳамчунон идома хоҳад дод.

Чанд соат пеш аз суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ, раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп хабарҳои мунташиршуда дар бораи қасди кишвараш барои фиристодани 120 ҳазор нерӯ ба Ховари Миёнаро барои муқобила бо Эрон рад кард. Мақомоти амрикоӣ ҳафтаи гузашта Эронро ба музокирот даъват карданд ва ҳамзамон аз омодагӣ барои муқобила бо иқдомоти Ҷумҳурии исломӣ сухан гуфтанд.

Доналд Трамп рӯзи душанбе ва пас аз "амалиёти харобкорӣ" дар чанд киштии тиҷоратӣ ва нафткаш дар соҳилҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳушдор дода буд, ки агар Эрон даст ба коре бизанад ва ҳодисае рух диҳад, мушкили калоне барои ин кишвар пеш хоҳад омад.

Шабакаи телевизионии CNN ба нақл аз як манбаи дипломатӣ гузориш дода буд, ки Кохи Сафед шумораи телефонеро дар ихтиёри Шведсия қарор додааст, то мақомоти Эрон битавонанд бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тамос бигиранд. Аббос Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон низ дар вокуниш гуфтааст, ки "мақомҳои амрикоӣ шумораи телефони моро доранд".

Оятуллоҳ Хоманаӣ барномаи мушакии Эрон ва "умқи стратегӣ" дар минтақаро "нуқтаи қувват"-и Ҷумҳурии исломӣ хонд ва гуфт, ки "ҳеҷ эронии ғайратманд ва боақл дар бораи нуқтаҳои қуввати худ муомила намекунад".

Вай дар идома гуфт, "мегӯянд дар бораи силоҳи дифоии шумо музокира кунем, ки чаро мушаке бо фалон бурд (тӯли парвоз) месозед, ин бурдро кам кунед, ки агар шуморо задем, натавонед пойгоҳи моро бизанед ва ҷавоб бидиҳед".

Мақомоти Эрон пеш аз ин таҳдид карда буданд, ки дар сурати ҳамлаи Амрико, минтақа рӯи оромишро нахоҳад дид ва Эрон ба пойгоҳҳои ин кишвар дар минтақа, Исроил ва кишварҳои араби муттаҳиди Амрико ҳамла хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG