Ссылки доступа

Бонкдори қазоқистонии аз Русия истирдодшуда, як моҳи дигар дар ҳабс мемонад


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ҳабси бонкдори пешин Жомарт Ертаевро як моҳи дигар тамдид кард. Вай дар Русия боздошт ва ба Қазоқистон истирдод шуда буд.

Додгоҳ дар гузашта Ертаевро аз 15 март то 15 май ба ҳабс гирифта буд. Додситонии кулли Қазоқистон 15 март хабар дод, ки бонкдори пешин "барои ба ҷавобгарӣ ҷалб шудан" аз Русия истирдод гардидааст.

Жомарт Ертаеви 45-сола ибтидои моҳи майи соли 2018 аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуд. Қазоқистон Ертаевро расман ба "қаллобӣ" гунаҳкор мекунад. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки Ертаев замони мушовири раиси шӯрои мудирони Bank RBK буданаш, бо роҳи қаллобӣ бештар аз 80 миллион долларро рабудааст.

Аммо Жомарт Ертаев мегӯяд, ҳаргиз дар Bank RBK кор накардааст. Нашрияи "Коммерсант"-и Русия аз қавли Жомарт Ертаев навишт, ки таъқиби вай ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG