Ссылки доступа

"Коммерсант": "Сухой Суперҷет" бо айби халабонҳо оташ гирифтааст


Коршиносон мегӯянд, ҳавопаймои "Сухой Суперҷет" (SSJ-100), ки 5 май дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Москва ба садама дучор шуд, дар натиҷаи иштибоҳи халабонҳо оташ гирифтааст.

Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо истинод ба як манбаи огаҳ аз рафти тафтишоти садама хабар додааст.

Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, халабонҳо ҳангоми фурудоӣ ҳаракати муҳаррикро дучанд карда, сари ҳавопайморо якбора поин кардаанд. Тасмими идома додани фурудоӣ бо вуҷуди оғози лағжиш аз хати парвоз яке аз иштибоҳҳои дигари халабонҳо гуфта шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, ҳоло бояд тафтишот муайян кунад, ки аз ду халабон кадомашон иштибоҳ кардаанд.

Ҳамчунин тавре аз гуфтугӯи халабонҳо бо кормандони фурудгоҳ бармеояд, халабонҳо бонги ҳолати садамавӣ бидуни хатар ба ҷону саломатии мусофиронро задаанд ва бинобар ин, ҳавопайморо дар замин оташнишонҳо пешвоз нагирифтаанд.

Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" шаби 5 май ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Москва оташ гирифт.

Ҳавопаймои "Суперҷет"-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Москва - Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд. Хадамоти “FlightRadar” гузориш дод, ки ин ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст.

Ширкати "Аэрофлот" гуфт, ҳангоми нишасти изтирорӣ муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ ё техникӣ ба фурудгоҳи "Шереметево" баргашта буд.

XS
SM
MD
LG