Ссылки доступа

Вазири пешини тандурустии Қирғизистон боздошт шуд


Дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев вазири пешини тандурустии Қирғизистон Динора Сагинбоева ва мушовири пешини раиси хадамоти давлатии иҷрои ҷазои он кишвар К.К. боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳад, ки мақомдорони вазорати тандурустӣ барқасдона ба Азиз Батукаев ташхиси бемории вазнин гузоштаанд, то ин ки вай аз ҳабс раҳо шавад. 23 апрели соли 2013 гуруҳи табибон, ки бо қарори порлумон ташкил шуда буд, ташхиси Азиз Батукаевро рад кард. Комисия гуфта буд, ҳангоми ташхиси нахустин ҳуҷҷатҳо сохтакорӣ шудаанд.

Дар доираи ин парванда пештар низ чанд мансабдори дигари Қирғизистон боздошт шуд.

Парвандаи ҷиноии озодсозии ғайриқонунии Азиз Батукаев моҳи январи соли 2019 кушода шуд. Дар доираи парванда табибоне, ки ӯро ташхис ва бемории саратон эълом карданд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Ба ҷуз табибон, мансабдорон ва вакилони пешин ҳам дар парванда шомил ҳастанд.

Динора Сагинбоева солҳои 2011-2014 вазири тандурустии Қирғизистон буд.

Додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар соли 2013 дар асоси ташхиси табибон, қарори пеш аз муҳлат озод шудани Азиз Батукаевро содир кард. Батукаев ҳамон рӯз аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин рӯйдод дар Қирғизистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG