Ссылки доступа

Расонаҳо: ба Ирина Хакамада иҷозат надоданд, дар Тошканд суханронӣ кунад


Хабаргузории Регнум менависад, ки ба фаъоли ҷамъиятии Русия Ирина Хакамада иҷозат надоданд, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар мазҳари ом суханронӣ кунад.

Қарор буд, суханрониҳои Хакамада 11 май шуруъ шавад.

Дар кӯчаҳои Тошканд дар бораи суханрониҳои Хакамада таблиғоти густардае роҳандозӣ ва билетҳо низ фурӯхта шуда буданд, аммо дар охирин лаҳзаҳо мақомот иҷозат надоданд, ки чорабинӣ доир гардад.

Хабаргузории Регнум аз қавли ҳамсуҳбатонаш менависад, ки мақомоти Ӯзбекистон ҳамеша матни суханронии маърӯзакунандагони хориҷиро аз қабл талаб мекунанд.

"Аммо Хакамада чунин матне таҳия накарда буд, вай озодона, бидуни матн суҳбат мекунад, танҳо мавзуъ дораду тамом, вале мақомот матни комили суханронии ӯро талаб карданд", - гуфт ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ирина Хакамада аз соли 1999 то 2004 вакили порлумони Русия ва ҳамраиси ҳизби сиёсии Иттиҳоди неруҳои ростгаро буд. Соли 2004 вай номзадиашро ба мақоми президентии Русия пешбарӣ кард. Аз соли 2012 то 2018 Ирина Хакамада узви Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсони назди президенти Русия буд.

XS
SM
MD
LG