Ссылки доступа

Аврупо дар робита ба Осиёи Марказӣ стратегияи наверо имзо кард


Комиссияи Аврупо 15 май стратегияи нави рушди равобит бо кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро ба тасвиб расонд.

Дар ин санади 16-саҳифаӣ муфассал гуфта шудааст, ки Комиссияи Аврупо тайи солҳои оянда бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мехоҳад, ба чи чизе ноил бишавад.

"Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо эҳтиром ба талошу манфиатҳои шарикони худ аз Осиёи Марказӣ ва бо назардошти гуногунии вазъ дар ҳар як кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳое талош хоҳад кард, ки хоҳони густариши равобит ҳастанд", - омадааст дар санад.

Бар пояи санад, созишномаи густариши шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA)-е, ки охирҳои соли 2015 миёни Қазоқистон ва Брюссел имзо шуда буд, дар масъалаи ҳузури Брюссел дар минтақа асос хоҳад монд. ИА ҳоло барои имзои созишномаи ҳамсон бо Қирғизистону Ӯзбекистон гуфтугӯ дорад.

Дар санад зикр шудааст, ки ИА ба бартараф кардани маҳдудиятҳои сохторӣ дар тиҷорати дохилии минтақавӣ ва сармоягузорӣ талош карда, пайвастани кишварҳои дигари Осиёи Марказиро ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат истиқбол хоҳад кард. Ҳамчунин дар бораи ҳимояти ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ гуфта шудааст.

"ИА дар оянда низ ба риоя шудани ҳуқуқи инсон дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат карда, ба озодии баён, озодии ҷамъомадҳо, ҳуқуқи занону кӯдакон, ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ, мубориза бо табъизи нажодӣ ва решакан кардани шиканҷа таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард", - омадааст дар санади мазкур.

XS
SM
MD
LG