Ссылки доступа

Путин гуфт, омодааст, дар саммити G20 бо Трамп мулоқот кунад


Владимир Путин, президенти Русия гуфт, эҳтимол дорад, мулоқоти вай бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп дар саммити "Бистгонаи бузург" охири моҳи июн дар Ҷопон баргузор шавад.

Дар суҳбат бо рӯзноманигорон Путин дар Сочӣ афзуд, ки Москва умедвори муътадилшавии муносибатҳо бо Вашингтон ҳаст.

Пештар аз ин Трамп хабар дод, ки тасмим дорад дар саммити мазкур бо Путин мулоқот кунад.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА рӯзи 14 май ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотии муштарак дар бораи муътадилгардонии муносибатҳои ду кишвар изҳори назар карданд.

Мулоқоти Трамп бо Путин дар саммити пешини "Бистгонаи бузург" дар Буэнос-Айрес охири соли гузашта, сарфи назар аз эъломҳои мукаррар, барпо нашуд. Сабаби доир нагардидани мулоқоти ду роҳбар боздошти 24 маллоҳи украин аз сӯи Русия буд. Маллоҳони украин то кунун дар Русия дар ҳабс ҳастанд.

XS
SM
MD
LG