Ссылки доступа

"Ваъда доданд, афв мекунанд, вале иҷро накарданд"


Як сокини Роғун мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба ваъдахилофӣ муттаҳам карда мегӯяд, ду бародарашро, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, бо баҳонаи афв ба кишвар баргардонданд, вале ба зиндон андохтанд.

Абдумӯъмин Раҷабов, сокини шаҳраки “Қалъаи нав”-и Роғун рӯзи 15-уми май гуфт, бародари хурдиаш Насимҷон Раҷабов соли 2018 бо даъвати мақомот аз Русия ба Душанбе баргашт, вале дастгир ва сипас ба зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 дар талоше барои пешгирӣ аз густариши ифротгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротиву террористӣ ба мисли гуруҳи "Давлати исломӣ" чанд қонунро тағйир доданд.

Бар асоси яке тағйирот дар Кодекси ҷиноӣ, агар касе дар хориҷ аст ва ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон ва "сидқан пушаймон шудан аз кирдори худ" мавриди афв қарор мегирад ва парвандааш қатъ мешавад.

Вале ба гуфтаи Абдумӯъмин Раҷабов, бо бародарони ӯ баръакс рафтор кардаанд: "Вақте бародарам (Насим) омад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳ гуфтанд, ки мо ӯро мебарем, суҳбат мекунем, субҳ омада баред, вале дигар ӯро надидем".

Натиҷа Холиқова, модари Насим Раҷабов мегӯяд, рӯзи 19- уми феврали соли 2018 вақте Насим аз Маскав ба фурудгоҳи Душанбе омад, ҳамагӣ се дақиқа бо ӯ суҳбат кардаанд: “Дар ҳамин лаҳза кормандони ҳифзи ҳуқуқ ӯро барои пурсиш бо худ бурданд ва ваъда доданд, ки соати 8 субҳ биёему барем. Вале баъди ин аҳли хонавода ӯро дар толори додгоҳ дид.»

Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе, ҷое, ки Насим бародари Абдумӯъмин муҳокима шудааст, гуфтанд, зимни муҳокима гуноҳҳои Насимҷон Раҷабов, ки ба "даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, ки аз тариқи Интернет муттаҳам мешуд", собит шуд ва ӯро барои ин гуноҳ ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум карданд.

Айни чиз ба гуфтаи Абдумӯъмин Раҷабов, бо бародари дигараш Раҳматулло Раҷабов сурат гирифтааст, ки ӯро қабл аз Насим бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон даъват кардаанд ва сипас ба 3 солу 8 моҳи зиндон маҳкум намудаанд. Абдумӯъмин Раҷабов мегӯяд, ин бародарашро барои он даъват кардаанд, ки дар кадом як ҷамъомаде гуфтааст, ки “ ҷумъагӣ кардан ҳаром аст”.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 аз бими афзоиши пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ба Кодекси ҷиноӣ тағйир ворид карданд, то онҳоеро, ки дар Сурияву Ироқ буданд, қабл аз ҷангҷӯ шудан ба кишвар баргардонанд.

То кунун тақрибан 100 нафарро ихтиёрӣ баргардонданд ва чандин нафарро озод карданд, вале даҳҳо тани дигар, ки ба гуфтаи мақомот дар ҷангҳо ширкат кардаанд, паси панҷара рафтанд.

Ваъдаи мазкур ба тамоми дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дахл дошт, ки ба гуфтаи мақомот барои ҳимоят ва паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG