Ссылки доступа

Баъд аз Ироқ ва Сурия. Чӣ гуна ба ҳаёти одӣ баргашт? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Баъд аз Ироқ ва Сурия. Чӣ гуна ба ҳаёти одӣ баргашт? Бозгашт ба зиндагии осоишта, мутобиқшавии кӯдакону калонсолон ба ҳаёти баъдиҷангӣ ва пок кардани зеҳни онҳо аз осори хушунату бадбинӣ – масоиле буд, ки рӯзи 16-уми май дар як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд. (видео)

- Осиё: эътирози модарон. Дар шаҳри Нурсултон даҳҳо зан бо талаби кумаки иҷтимоӣ тазоҳурот доранд. Дар Душанбе конфронси ҳамгироии ҷангиёни пешин бо ҷомеа баргузор мешавад. (видеои Настоящее время)

- Фармон дар бораи Huawei: кадом навъи дастгоҳҳои мобилиро Трамп дар ИМА манъ кард (видеои Настоящее время)

- Гузориш аз "қаър"-и обанбори Роғун. Оби обанбори Роғун тадриҷан ҷамъ шудаву сатҳаш боло меравад ва оқибат 40 деҳаи болообро ба қаъри худ мекашад. Кӯчондани аҳолӣ аз ин ҷо яке аз вазифаҳои мушкили ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳамеша интиқод мешуд. Сафар ба ин деҳаҳо вазъи наверо намудор кард (видео)

- Билетҳои қалбакии ҳавопаймо даҳҳо мусофирро сарсон кард. Ҳафт рӯз боз тақрибан 80 нафар наметавонанд, аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба кишварҳои гуногун сафар кунанд. Мақомот гуфтанд, билети онҳо қалбакист. Сокинон мегӯянд, билетҳоро ба нархи аз якуним то дуним ҳазор сомонӣ харидаанд (видео)

- "Облава" дар Фархор. Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот 10 май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад. Мақомот шарҳ намедиҳанд (видео)

- Аз Сурия баргаштаҳо. Мақомоти Қазоқистон аз аввали соли равон дар натиҷаи амалиёти "Жусан-1" ва "Жусан-2" аз Сурия 280 шаҳрванди худро баргардонданд. (видео)

- Ситоди интихоботии номзадҳои Қазоқистон чи гуна фаъолият мекунанд (видео)

- Чи гуна мақоми забони русӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ тағйир ёфт (харита)

- Осиё 360: зиндагии лӯлиҳои Осиёи Марказӣ (видео)​

- Сарвазири Арманистон савори дучарха шаҳрро давр мезанад, пушти сари вай муҳофизон ҳаракат мекунанд (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG