Ссылки доступа

Сокини Алматоро баъди шарҳнависӣ дар Instagram ба ҷавобгарӣ мекашанд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон мардеро баъди шарҳнависӣ дар Instagram бо моддаи ангехтани адоват ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд.

Мақомоти Қазоқистон 17 май хабар доданд, ки ташхиси додгоҳӣ дар шарҳҳои гумонбар Н. "нишонаҳои таҳқир"-ро нисбати гуруҳи ақалият ошкор кардааст. Гумонбар Н. боздошт ва бозпурсӣ шудааст.

Қонунгузории Қазоқистон барои ҳаракатҳое, ки адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ё диниро бармеангезанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кардааст. Дар Қазоқистон ҳамчунин барои "таҳқир" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG