Ссылки доступа

Тайван никоҳи ҳамҷинсгароҳоро қонунӣ кард


Вакилони порлумони Тайван аз лоиҳаи қонуни расмӣ сохтани никоҳи ҳамҷинсгароҳо ҷонибдорӣ кард. Тайван нахустин кишвари осиёӣ аст, ки чунин қонун қабул мекунад.

Ду соли пеш додгоҳи конститутсионии Тайван бо қабули қароре қонуни манъи никоҳҳои ҳамҷинсгароҳоро ғайриконститутсионӣ унвон карда буд.

"Мо ба сӯи баробарии воқеӣ қадами бузурге гузоштем ва Тайванро ба кишвари беҳтарин табдил додем", - навишт президенти он кишвар Тсай Инвэн дар саҳифаи Твиттер.

Соли 2018 додгоҳи олии Ҳинд ҷавобгарии ҷиноиро барои ҳамҷинсгароён бекор карда буд. Барои ҳамҷинсгароӣ дар Ҳинд то 10 соли зиндон пешбинӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG