Ссылки доступа

Нигаронии гузоришгари СММ аз маҳдудияти сартосарии Интернет дар Қазоқистон


Гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳимояти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ Фионнула Ни Аолэйн 17 май дар шаҳри Нурсултон аз "маҳдудияти сартосарии дастрасӣ ба Интернет" дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ, ки дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, аъзои тимаш шахсан шоҳиди маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет шуданд. Ба гуфтаи Аолэйн, мақомоти Қазоқистон аз ин нигаронии ӯ огаҳ карда шуданд.

"Дастрасӣ ба тамоми сомонаҳо маҳдуд шуд. Ҳамаи ин иқдомҳо гӯиё ба хотири таъмини амният рӯи даст гирифта мешаванд. Озодии ҷамъомад ва озодии баёнро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад. Вақте таъмини амният ҳамчун баҳона барои маҳдуд кардани иҷрои ҳуқуқҳои қонунӣ мешавад, ин моро хеле нигарон мекунад", - афзудааст Фионнула Ни Аолэйн.

Мушкили маҳдудияти сартосарии дастрасӣ ба Интернет дар Қазоқистон 9 май ба миён омад. Субҳи он рӯз баъзе аз сомонаҳои хабарӣ масдуд шуда, корбарон натавонистанд ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва дигарон ворид шаванд. Дертар гуруҳи NetBlocks, ки озодии Интернетро мониторинг мекунад, масдудсозии 9 майро "беназир" номид.

9 май дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ маҳдуд буд. Давоми рӯз дар чанд шаҳри Қазоқистон сокинонро боздошт карданд. Боздоштҳо баъди он сурат гирифтанд, ки Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ - аз сокинон хост, ба кӯчаҳо бароянд.

XS
SM
MD
LG