Ссылки доступа

"Омада, асаби моро вайрон мекунанд, ки хонаҳоятонро мегирем" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Омада, асаби моро вайрон мекунанд, ки хонаҳоятонро мегирем". Гурӯҳе аз сокинони як бинои мутааллиқ ба Вазорати фарҳанг, мегӯянд, вазорат мехоҳад, онҳоро аз хонаҳояшон берун кунад ва барои ҳамин бо талаботи нав ба нав зери фишор гузоштааст. (видео)

- Осиё: амнияту озодӣ. Форумҳо дар Осиёи Марказӣ: дар Нурсултон аз ҳуқуқи инсон ва дар Душанбе – аз муборизаи дастаҷамъона зидди терроризм ҳарф заданд (видеои Настоящее время)

- Занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ ба Русия раванд ё нараванд? Қазияи Гулбегим Раҳмонова, сокини Душанбе, ки бо нияти кор ва хариди хона ба Русия рафт, вале аз онҷо тобуташро оварданд, баҳс дар бораи муҳоҷирати занони тоҷикро дубора доғ кард (видео)

- Таркиши газ сокинони Душанберо тарсонд. Дар хиёбони Айнӣ, яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе баъди нисфирӯзии 18-уми май лӯлаи газ таркид ва аз чанд ҷой шӯълаҳои баланди оташ баланд шуд. Мақомот ҳамон лаҳза ҳаракат дар роҳҳои наздик ба фалокатро бастанд. Аз талафот гузорише нашудааст (видео)

- Сел дар Ашт мусофирбарро чаппа кард. Дар натиҷаи борони зиёд ва сел дар ноҳияи Ашт як мусофирбар бо мусофирон чаппа шудааст. Дар ҳодиса дар рӯзи 17-уми май касе осеб надидааст. Мақомот гуфтанд, вақти ҳаракати мусофирбар дар минтақаи Долона, сел мошинро аз роҳ берун кардааст (видео)

- Баҳсҳои асосии сиёсии "Евровидение" дар Исроил. Озмуни ҳунарии "Евровидение" ҳар сол ба минбари изҳоротҳои сиёсӣ табдил меёбад. Баҳсҳои асосии он пеш аз даври ниҳоӣ. (видео аз Директ)​

- Имонқодир Рисалиев: хешӣ бо сарвазир Абилғозиев танҳо мушкил пеш меорад. Раҳбари котиботи созмони "Ҳукумати боз" ва вазири пешини Қирғизистон Имонқодир Рисалиев вазъ атрофи ширкати "КТ Мобайл", хешӣ бо Абилғозиев ва робитааш бо президент Сооронбой Ҷеенбековро шарҳ дод. (видео)

- "Ин агар дар хона бошад, оила хушбахт мешавад". Хабарнигор ба назди се гулфурӯш рафт ва дар бораи хосияти гулҳову гулпарварӣ пурсид (видео)

- «Шабе дар осорхона» ва ташрифовардагон. Дар шаҳри Алмато иқдоми "Шабе дар осорхона" баргузор шуд (нигористон)

- ИМА атрофиёни Қодиров ва отряди "Терек"-ро шомили "рӯйхати Магнитский" кард (видео аз Директ)

- Дар Радаи боло дигар эътилофе вуҷуд надорад. Зеленский наметавонад, порлумонро пароканда кунад (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG