Ссылки доступа

Қазоқистон санҷиши мошинҳоро дар марз бо Қирғизистон дубора сахттар кард


Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек"-и Қирғизистон бо Қазоқистон дубора навбатпоии мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад.

Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, шоми 19 май ҳудуди 50 мошин дар назди "Оқ-Тилек" навбат меистоданд.

Навбатпоиҳо пас аз он ба миён омаданд, ки ҷониби Қазоқистон санҷиши мошинҳоро сахттар кардааст. Ҷониби Қирғизистон бидуни монеа ба мошинҳо иҷозати гузар аз марзро медиҳад.

Ҳафтаи гузашта видеои ҷанҷоли як ронанда бо марзбонон дар Интернет нашр шуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ҳодиса дар ҳудуди Қазоқистон рух додааст.

Мақомоти Бишкек мегӯянд, ҷониби Қазоқистон талаботи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро дар бораи ҳаракати озод нақз мекунад. Ҷониби Қазоқистон дар навбати худ ҳамеша сабаби сахттар шудани санҷишҳоро мубориза бо қочоқи мол меномад.

XS
SM
MD
LG