Ссылки доступа

Раиси порлумони Қирғизистон: шаҳрванди Белорус будани Боқиев монеи ҳамкориҳо шудааст


Дар остонаи ҷаласаи Ассамблеяи порлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) раиси порлумони Қирғизистон Достонбек Ҷумабеков бо раиси Палатаи намояндагони порлумони Белорус Владимир Андрейченко мулоқот кард.

Яке аз мавзуъҳои баррасишаванда ҳузури президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар Белорус буд, хабар доданд аз порлумони Қирғизистон.

Ҷумабеков изҳори норизоӣ ва нигаронии ҷониби Қирғизистонро аз он баён кард, ки расонаҳо аз фаъолиятҳои Қурмонбек Боқиев ва наздиконаш дар Белорус хабар медиҳанд. Ба вижа, ба онҳо шароити мусоид фароҳам ва шаҳрвандӣ дода шуда, инчунин ба чорабиниҳои оммавӣ даъват мешаванд. Раиси порлумони Қирғизистон афзуд, "ин хабарҳо боис мегарданд, ки муносибатҳои дуҷонибаҳо ба кундӣ пеш раванд".

Ҷумабеков илова кард, "ҷониби Қирғизистон интизор дорад, ки Белорус барои иҷрои дархости Қирғизистон дар мавриди истирдоди Боқиев чораҷӯӣ хоҳад кард".

Қурмонбек Боқиев дар пайи инқилоби соли 2005 сари қудрат омад ва ҳам баъди инқилоби соли 2010 ба Белорус фирор кард. Писари вай Максим дар Бритониё қарор дорад.

Қурмонбек Боқиев ва 28 тани дигар дар доираи парвандаи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд. Президенти пешин дар ғайбаш ба 30 соли зиндон маҳкум шуд. Қирғизистон аз Белорус хост, Боқиевро истирдод кунад.

Расонаҳои Белорус хабар доданд, ки Боқиевҳо дар он кишвар тиҷорат ба роҳ мондаанд.

XS
SM
MD
LG