Ссылки доступа

Соҳибкорони Ишқобод коргоҳҳояшонро аз шаҳр мебароранд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҳамаи соҳибкорон дастур гирифтаанд, коргоҳҳои худро ба минтақаи ба истилоҳ "саноатӣ"-е кӯчонанд, ки дар канори пойтахт ҷойгир аст.

"Шаби 15 май дар бинои Иттиҳодияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркманистон ҳамаи соҳибкоронро ҷамъ карда, гуфтанд, ки тамоми коргоҳҳо бояд ба "минтақаи саноатӣ" кӯчонида шаванд", - иттилоъ дод хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Дар ноҳияи Бедеви Туркманистон, ки дар канори шаҳри Ишқобод ҷойгир аст, чанд маркази тиҷорӣ бунёд шуда, дар ҳоли ҳозир сохтмони марказҳои дигар идома дорад ва соҳибкорон низ дастур гирифтаанд, ки коргоҳҳои худро маҳз ба онҷо кӯчонанд

​Талошҳо барои дарёфти назари масъулони Иттиҳодияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркманистон дар ин замина ва сабаби кӯчонидани тамоми коргоҳҳо ба канори пойтахт бенатиҷа буданд.

Бино маълумоти тасдиқношуда, марказҳои тиҷорие, ки дар минтақаи Бедев бунёд шудаанд, ба атрофиёни президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тааллуқ доранд.

XS
SM
MD
LG