Ссылки доступа

Зеленский таърихи интихоботи нави порлумонии Украинаро муайян кард


Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский бо имзои як фармон порлумони кишварашро пароканда эълом ва таърихи интихоботи нави ғайринавбатии порлумониро 21 июли соли равон муайян кард.

Зеленский рӯзи душанбе ҳангоми адои савганд гуфт, порлумони Украинаро пароканда эълом мекунад ва аз ҳукумат низ даъват кард, ки ба истеъфо биравад. Ӯ сабаби асосии ин тасмимро сатҳи поини боварии шаҳрвандони Украина ба вакилони кунунӣ номид.

Президенти Украина 21 май дар робита ба пароканда эълом кардани порлумон бо раҳбарони ҷиноҳҳо машварат кард. Ин масъала ҳанӯз пеш аз интихоб шудани вай матраҳ шуда буд. Яке аз ҷиноҳҳои порлумони Украина талош кард, аз иҷрои тасмими мазкур пешгирӣ кунад.

Бар асоси назарсанҷии Институти пажӯҳишҳои иҷтимоии Украина ва гуруҳи сотсиологии "Рейтинг", агар интихоботи порлумонии ин кишвар рӯзи якшанбеи гузашта баргузор мешуд, чаҳор ҳизби сиёсӣ меъёри панҷдарсадиро ба даст меоварданд.

Ҳизби тозатаъсиси "Ходими мардум"-и Владимир Зеленский 29,5 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, "Платформаи мухолиф - Барои ҳаёт", ки ба беҳтар шудани робитаҳо бо Русия даъват мекунад, 8,1 дарсадро соҳиб шудааст. Ба Блоки президенти пешин Петр Порошенко 7,8% ва "Баткившина"-и собиқ сарвазир Юлия Тимошенко 6,7% раъй додаанд.

XS
SM
MD
LG