Ссылки доступа

Дафни кушташудагони ошӯби зиндони Ваҳдат


Кушташудаҳои ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат рӯзи 20-уми май ба хок супурда шуданд. Бархе аз ин зиндониёни тоҷикро, ки дар исёни шаби 19-уми май кушта шуданд, бо иштироки наздикон ва гурӯҳи дигарро бе ҳузури пайвандонашон дафн карданд.

Абдуҷаббор Ҳалимови 36-сола, маъмури зиндони шаҳри Ваҳдатро, ки шаби 19-уми май кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ба хок супориданд. Хонаводааш гуфтанд, рӯзи 20-уми май дар маросими видоъ бо ӯ намояндагони мақомот иштирок карданд.

Майор Абдуҷаббор Ҳалимов ҳамагӣ як сол пеш корро дар зиндони шаҳри Ваҳдат оғоз кардааст. Ӯ дар гузашта фармондеҳи як қисми низомии Вазорати адлия буд. Абдукарим Ҳалимов, падари ӯ, рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гардану дасти писараш захми кордро дидаанд.

"Як ҳафта пеш ҳамроҳаш суҳбат доштам. Аз кор дар зиндон розӣ набуд ва мегуфт, ки бояд ба ҷойи дигар гузарад”, -- нақл кард Абдукарим Ҳалимов. Ӯ афзуд, хабари марги писарашро субҳи 20-уми май шуниданд.

Маросим кутоҳи видоъ бо Саттор Каримов маъруф бо номи Махсуми Абдусаттор баъд аз зуҳри 20-уми май дар маҳалли зисташ сурат гирифт ва ӯро дар оромгоҳи «Сари Осиё» ба хок супурданд.

Як нафари наздик ба хонаводаи ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шиносоии ҷасад ҳузур дошт ва дар баданаш захми кордро мушоҳида кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки гӯиё Саттор Каримовро ошӯбгарон ва тарафдорони гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" куштаанд.

Саттор Каримов, узви баландпояи Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 барои ҳамдастӣ дар ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода ба 26 сол зиндон маҳкум карданд. Иттиҳоме, ки ҳизб онро беасос номида, рад кардааст.

Ҷасади Беҳрӯзи Гулмурод, писари сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, шоми 20-уми май дар қабристони деҳаи “Дараи фонӣ”-и ноҳияи Варзоб бидуни нишон додан ба наздиконаш ва бе маросим аз ҷониби мақомот ба хок супорида шуд.

Дар ошӯби шаби 19-уми май дар зиндони ноҳияи Ваҳдат 32 нафар аз ҷумла се посбони зиндон кушта шуданд. Вазорати адлия рӯзи 20-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур", низ ҳастанд.

Мақомот гуфтанд, ошӯбро пайравони гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” барангехтаанд, ҳарчанд таъйиди ин хабар аз манобеи дигар имконнопазир аст. Ним сол пеш дар айни ҳодиса дар зиндони шаҳри Хуҷанд бештар аз 20 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG