Ссылки доступа

Падари посбони кушташуда: Кор дар зиндон ба ӯ маъқул набуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: сабаб ва оқибатҳои ошӯби зиндон. Созмондиҳандагони ошӯб дар зиндони Тоҷикистонро дафн карданд, вале сабабҳои сар задани он ҳанӯз маълум нест. Сарвазири Қирғизистон ба хотири гурез аз истеъфо дар бораи хешу наздиконаш гуфт. (видеои Настоящее время)​

- Шаҳбоз "облава" шуд, вале дар ягон қисми ҳарбӣ "харидор" наёфт. Волидони як ҷавони 25-сола аз ноҳияи Турсунзода гуфтанд, ки маъмурони комиссариати ҳарбӣ писари онҳоро "облава" кардаанд, вале тақрибан як ҳафта боз ягон қисми низомӣ ӯро ба сафи худ қабул намекунад (видео)

- Падари посбони кушташуда: Кор дар зиндон ба ӯ маъқул набуд. Абдуҷаббор Ҳалимовро дар зодгоҳаш дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ба хок супориданд. Ӯ рӯзи 19-уми май дар ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдат кушта шуд (видео)

- Маросими видоъ бо Махсуми Абдусаттор баъди кушта шудан дар маҳбас.Ҷасади Саттор Каримов (махсуми Абдусаттор), ки шаби 19 май дар ошӯби зиндони Ваҳдат кушта шуд, баъд аз зуҳри 20-уми май ба наздиконаш супурда шуд. Ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурданд (видео)

- Сухани мардум: " Маъқул шуд, рост монда, дафъ кард". Сокинони деҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ба чӣ меандешанд, дар бораи чӣ гап мезананд ва чаро дар ҷомеaи тоҷик нобаробариҳо ҳаст? (видео)

- Гирдиҳамоии қарздорон дар пушти дари "Нур Отан" Даҳҳо сокини аз бонкҳо қарздор 21 май пушти дари Ҳизби ҳокими "Нур Отан" дар шаҳри Алмато гирди ҳам омаданд. Ин сокинон аз ҳукумат даъват карданд, ки дар остонаи интихоботи президентӣ ба мушкили онҳо таваҷҷуҳ кунад (видео)

- Парвандаи "саркашӣ" зидди сокине, ки аз айвони хонааш ба таҳрими интихобот даъват кард. Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон мардеро ба додгоҳ кашиданд, ки аз айвони манзилаш ба таҳрими интихоботи президентӣ даъват кард. Ба бовари вай, интихобот ношаффоф барпо хоҳад шуд (видео)

- Ӯзбекистон мошинҳои сементи қирғизиро ба қаламраваш роҳ намедиҳад. (видео)

- Эътироз зидди ҳукми додгоҳ. Дар Чимкент ҳудуди сад нафар ҳукми одилонаи додгоҳро талаб доранд. (видео)

- Ошӯб дар зиндони Тоҷикистон: 32 кушта. (видеои Настоящее время)​

- Венесуэла: Мадуро интихоботи пеш аз муҳлати порлумониро пешниҳод дорад. (видео)

- Вазири дифои мустаъфии Украина дар бораи мулоқоташ бо Зеленский. (видео аз Директ)

- Китобхона ба ифтихори хоҳар. Роҳила Рафии 17-сола дар як террор дар шаҳри Кобули Афғонистон кушта шуд. Бародари вай китобхонаеро таъсис дод ва ба номи хоҳараш гузошт (видео)

- Ширкати Google ҳамкориро бо ширкати чинии Huawei қатъ кард (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG