Пештар хабар дода шуд, ки ҷониби Ӯзбекистон бидуни шарҳ воридоти сементро аз Қирғизистон манъ кардааст ва аз ҷониби Қирғизистон дар марз бо Ӯзбекистон шумори зиёди мошинҳо ҷамъ шудааст.
Ба гуфтаи ронандагон, вуруди мошинҳои ҳомили сементи қирғизӣ ба Ӯзбекистон аз 12 май ба ин сӯ манъ шуда буд.
Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ пештар хабар дод, ки дар Андиҷон корхонаи нави истеҳсоли семент фаъолиятро оғоз кард ва бинобар ин, воридоти сементи арзонро аз Қирғизистон бидуни шарҳ манъ карданд.