Ссылки доступа

Нахустин таъйиноти кадрии президенти нави Украина


Президенти нави Украина Владимир Зеленский генерал-лейтенант Руслан Хомчакро сардори Ситоди кул - сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар таъйин кард.

Хомчаки 51-сола Омӯзишгоҳи низомии Москваро хатм карда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Донбасс иштирок кардааст.

Генерал Хомчак дар ин мақом Виктор Муженкои 57-соларо иваз кард. Муженко хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии низомии Ленинград буда, дар замони авҷи даргириҳои Донбасс нирӯҳои Украинаро раҳбарӣ мекард.

Зеленский рӯзи сешанбе ҳамчунин фармони таъйини чанд нафари дигар ба мақомҳои гуногунро имзо кард. Аз ҷумла, Андрей Богдан, ҳуқуқшиноси олигархи украин Игор Коломойский раиси дастгоҳ ва Сергей Шефир, ҳаммуассиси студияи "Квартал 95" ёвари президент таъйин шуданд.

XS
SM
MD
LG