Шахсияти боздоштшуда ошкор нашудааст, аммо расонаҳои Фаронса гуфтанд, ки вай шаҳрванди Русия аст. Ба навиштаи расонаҳо, вай мехост, ба ин тартиб, дар Фаронса паноҳандагӣ гирад. Баъди ин ҳодиса манораи Эйфел рӯзи душанбе баста шуд.
Зидди шаҳрванди боздоштшуда мумкин аст, бо айби ғайриқонунӣ ворид шудан ба ҳудуди иншооти фарҳангӣ парванда боз шавад.