Ссылки доступа

ИМА Башор Асадро боз ба истифодаи силоҳи кимиёӣ айбдор кард


Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Морган Ортагус гуфт, Вашингтон бори дигар нирӯҳои президенти Сурия Башор Асадро ба истифодаи силоҳи кимиёӣ зидди мухолифони мусаллаҳи худ айбдор кард.

Нирӯҳои ҳукуматии Сурия субҳи 19 март дар шимолу ғарби вилояти Идлиб ҳамлаҳои ҳавоиеро анҷом дода, эҳтимолан, дар ҷараёни он бомбҳои пур аз хлор истифода кардаанд. Мақомоти ИМА мегӯянд, агар ин хабар тасдиқ бишавад, "зуд ва посухи муносиб" хоҳанд дод.

Ба огаҳии департамент, беморхона, мактаб, урдугоҳи гурезаҳо ва иншооти дигари маданӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Вашингтон гуфт, ҳамлаи Асад ба Идлиб хилофи созише аст, ки қаблан дар робита ба эъломи оташбас дар вилояти мазкур ҳосил шуда буд.

Президенти Русия Владимир Путин ва ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон моҳи сентябри соли 2018 ба созиш расиданд, ки дар вилояти Идлиби Сурия минтақаи ғайринизомиеро таъсис хоҳанд дод. Президенти ИМА Доналд Трамп он замон гуфт, ҳама гуна ҳамла ба минтақаи мазкур намунаи "ташдиди беақлонаи низоъ" хоҳад буд.

Созмони манъи истифодаи силоҳи кимиёӣ борҳо тасдиқ кард, ки нирӯҳои Асад аз ин навъи силоҳ кор гирифтаанд. Димишқу Москва мухолифони мусаллаҳро ба истифодаи силоҳи кимиёӣ айбдор, вале Вашингтон ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG