Ссылки доступа

Иқдоми эътирозии сокинони Бишкек зидди гарон будани ҷаримаҳо (видео)


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми эътирозие зидди гарон будани ҷаримаҳои қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ баргузор шуд. Дар ин иқдом даҳҳо ронанда ширкат карданд. Ташкилкунандагони эътироз гуфтанд, тасмим доранд, ҳудуди 3 ҳазор норозиро ҷамъ оранд.

Эътирозгарон дар кӯчаҳои Бишкек ҳаракат карда, бо нишони эътирозӣ садои мошинҳоро баланд карданд.

"Дар ҳоли ҳозир бештари соҳибони мошинҳо сокинони одӣ ҳастанд, ки нақлиёт барои онҳо манбаи ягонаи даромад аст. Ҳаҷми ҷаримаҳо бо ҳаҷми даромади онҳо баробар нест. Ба ин тартиб, бо гузашти ҳар рӯз шумори сокинони норозие бештар мешавад, ки нонашонро бо мушкил пайдо мекунанд. Мо намехоҳем, ки норизоии мардум аз доираи қонуну қоидаҳо берун равад. Аз ҳамин хотир аз ҳамаи сокинон даъват мекунем, ки ба иқдоми мо пайванданд ва зидди гарон будани ҷаримаҳо садо баланд кунанд", - гуфт Марипа Алийқулова, як ташкилкунандаи иқдоми эътирозӣ.

Вайронсозии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҷарима барои ин қоидаҳо то ибтидои соли ҷорӣ дар Кодекси қоидавайронкуниҳои маъмурӣ шарҳ дода шуда буд. Сар аз 1 январи соли 2019 тартиботи нав ҷорӣ ва ҳаҷми ҷаримаҳо боло рафт. Тартиботи нав норизоии ронандагонро ба бор овард.

Дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон сар аз 4 март лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ба иҷро даромад, ки ҳамакнун қоидавайронкуниҳоро дурбинҳо сабт мекунанд. Дар ин муддат дар шаҳри Бишкек шумори садамаҳои марговар қариб 70 дарсад кам шудааст.

Дар пайи норизоии мардум, ҳукумати Қирғизистон чанде пеш хабар дод, ки имкони кам кардани ҳаҷми ҷаримаҳоро ба баррасӣ мегирад.

XS
SM
MD
LG