Ссылки доступа

Ҳалокати 4 корманди хадамоти коммуналии Қазоқистон дар чоҳи фозилоб


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки шаби 23 май дар шаҳри Нурсултон чаҳор корманди ширкати коммуналии "Остона су арнасӣ" ба ҳалокат расиданд.

Ба огаҳии кумита, шаш корманди "Остона су арнасӣ" қубури фозилобро таъмир мекарданд ва якеашон ба чоҳ афтидааст. Кормандони боқӣ ҳангоми берун овардани шарикашон аз дохили чоҳ беҳуш шудаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, онҳо аз гази ботлоқ заҳролуд гаштаанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Владимир Беккер соли таваллуди ҳалокшудаҳоро 1988, 1993, 1995 ва 1967 номид.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур як комиссияи махсус ташкил кардааст.

Ба гуфтаи Владимир Беккер, кормандони наҷот ҷасади ҳалокшудаҳоро аз ҷуқурии 10-метрие баровардаанд, ки се метраш фозилоб буд.

XS
SM
MD
LG