Ссылки доступа

Дар Қазоқистон соҳиби ҷастгоҳ барои ҳалокати кӯдак боздошт шуд


Пулиси вилояти Қарағандаи Қазоқистон соҳиби ҷастгоҳи резинӣ (батут)-еро боздошт кард, ки дар натиҷаи чаппа шудани он як кӯдаки 11-сола кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

"Сокини 40-солаи Қарағанда барои ғайриқонунӣ ва номуносиб насб кардани ҷастгоҳе, ки боиси марги як кӯдак гашт, дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Расонидани хадамоте, ки ба талаботи амниятӣ ҷавобгӯ нест ва боиси марги одам шудааст" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар боғи марказии Қарақанда 25 май шамоли сахт ҷастгоҳи резиниеро ҷаппа кард ва дар натиҷа як кӯдаки 11-сола ҷон бохта, ду тани дигар, соли таваллудашон 2004 ва 2012 дар беморхона бистарӣ шуданд.

Моҳи майи соли гузашта низ ҳодисаи ҳамсон дар Қарағанда рух дода буд. Он замон дар натиҷаи чаппа шудани ҷастгоҳ 5 кӯдак захмӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG