Ссылки доступа

Ҳавопаймои Сургут--Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дод


Tajikistan - Surgut-Khujand flight
Tajikistan - Surgut-Khujand flight

Бино бар хабари расонаҳои Русия ва нишондоди харитаи парвозҳо ҳавопаймои ширкати «ЮТэйр», ки аз Сургути Русия ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, бо мушкил рӯбарӯ гашт ва пас аз қариб се соати чархиш дар ҳаво дар фурудгоҳи байнулмилалии Сургут нишаст.

Мақомоти фурудгоҳи Сургут мегӯянд, нишасти фавқулодаи ҳавопаймои "Боинг 737"-и ширкати «ЮТэйр», ки аз Сургути Русия ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, бе ягон ҳодисаи ногаҳонӣ анҷом ёфт ва ҳамаи 136 мусофир ва 6 узви экипажи ҳавопаймо саломатанд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд тасдиқ намуданд, ки ҳавопаймои хатсайри Сургут-Хуҷанд таъхир кардааст. Навбатдори фурудгоҳи Хуҷанд гуфт, ин мушкил дар худи Русия пайдо шудааст ва ба онҳо бастагӣ надорад.

Ҳавопаймои ширкати «ЮТэйр» рӯзи 25 май дар соати 16:45 ба вақти Маскав аз Сургути Русия ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз кард, аммо пас аз чанд лаҳза дархости бозгашт намуд ва наздик ба се соат бар фарози Сургут чархид, то сӯзишворияшро тамом карда, дар фурудгоҳи ин шаҳр нишинад. Чархидани ҳавопайморо дар фазо ҳамчунин харитаи зиндаи парвозҳо -- Flightradar24.com низ нишон медод. Ҳавопаймо соати 19:40 ба вақти Маскав фуруд омад.

Гуфта мешавад бахши асосии мусофирони ҳавопайморо муҳоҷирони кории тоҷик ташкил медиҳанд.

Намояндаи хадамоти матбуотии ширкати «ЮТэйр» ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, пас аз парвоз дар дасгоҳи идораи ҳавопаймо, ки вазъи фармонро нигоҳ медорад, мушкил пайдо шуд. Аммо гуфта намешавад, агар мушкил дар канали истифодаи дақиқи рул ё фармони ҳавопаймо буд, он ҳангоми нишасти изтирорӣ душворие пеш овард ё не. Вале бино бар хабарҳои гузашта чунин мушкили ҳавопаймои "Боинг 737" қаблан низ ба қайд гирифта шуда, аз ҷумла фалокати ин ҳавопаймо дар Адис-Абеба (10 марти 2019) ва Индунезӣ (29 октбяри 2018) ба ҳамин иллат рух додааст.

XS
SM
MD
LG