Ссылки доступа

Шикояти кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Ӯзбекистон: то нимашаб кор мекунем


Uychi MIB, Namangan
Uychi MIB, Namangan

Кормандони Бюрои иҷрои иҷбории ноҳияи Уйчии вилояти Намангони Ӯзбекистон шикоят доранд, ки раҳбарият онҳоро маҷбур мекунад, аз субҳ то нимашаб кор кунанд.

Қонунгузории Ӯзбекистон аз соати корӣ бештар фаъолият карданро танҳо дар асоси розигии тарафҳо иҷозат додааст.

Дар номаи кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Уйчӣ омадааст, ки онҳо аз соати 5:30-и субҳ то соати 23:30-и шаб кор мекунанд. "Вақте аз раҳбарият дархост мекунем, ки моро барвақтар ҷавоб диҳанд, мегӯяд, "аризаи аз кор рафтанро бинависед ва баъд биравед". Як моҳ мешавад, ки оромиш надорем", - навиштаанд онҳо.

Кормандони дигари Бюрои иҷрои иҷбории Уйчӣ низ тасдиқ карданд, ки онҳоро аз меъёри муайяншуда бештар кор мефармоянд.

Сухангӯи Бюрои иҷрои иҷбории Додситонии кулли Ӯзбекистон Фаррух Тошпулодов ваъда дод, ки қазияро таҳти назорат хоҳанд гирифт. "Муроҷиати онҳоро хоҳем омӯхт. Вале бояд гуфт, ки кормандони мо бо хоҳиши худ аз соати кории муайяншуда бештар фаъолият мекунанд. Агар дар соати муайяншуда натавонанд кори худро ба поён расонанд, ба онҳо иҷозат медиҳем, ки дар ҷои кор бимонанд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG