Ссылки доступа

Вазорати дифои Қазоқистон гуфт, ба бунёди калисои Русия аз пули буҷа кумак накардааст


Вазорати дифои Қазоқистон тасдиқ кард, ки барои бунёди калисои асосии Нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар вилояти Москва ба маблағи як миллион рубл (ҳудуди 15 625 доллар) кумаки молӣ кардааст.

Вазорат 27 май дар посух ба дархости хаттии Бахши қазоқии Радиои Озодӣ афзуда, ки ин маблағ ба будҷа дахл надорад ва онро бархе аз сармоягузорон додаанд ва нахостанд, ки номашон гирифта шавад.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири дифои Қазоқистон генерал-лейтенант Муслим Олтинбоев 14 май хабар дода буд, ки ин ниҳод барои бунёди калисои асосии Нирӯҳои мусаллаҳи Русия кумаки молӣ кардааст. Вале Олтинбоев он замон дақиқ нагуфт, ки ба бунёди калисо чи қадар маблағ кумак кардаанд.

Генерали қазоқ афзуд, ки кишвараш бар ивази ин кумак "подош"-еро хоҳад гирифт. "Мақомоти Қазоқистон моҳи апрели соли равон маълумот дар бораи қазоқистониҳоеро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд, ба ҷониби Русия пешниҳод карданд. Номи онҳо дар калисои асосии низомӣ навишта хоҳад шуд", - афзуда буд Олтинбоев.

Калисои артиши Русия яке аз бузургтарин иншооти динии ин кишвар хоҳад шуд. Он бояд соли 2020 бахшида ба 75-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар шаҳри Кубинкаи вилояти Москва мавриди истифода қарор гирад.

Вазорати дифои Русия бо вуҷуди ин хабарҳо исрор меварзад, ки калисо бо пули худӣ бунёд мешавад.

XS
SM
MD
LG