Ссылки доступа

Мақбараҳои ғайриқонуниро дар қабристонҳои Тоҷикистон тахриб мекунанд (видео)


На кладбищах в Таджикистане сносят незаконные мавзолеи и усыпальницы
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:02 0:00

Мақомоти Тоҷикистон дастур доданд, ки ҳама гуна мақбара ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар қабристонҳо тахриб карда шаванд.

Ҳукумат ҳанӯз дар соли 2017 қарор "Дар бораи нигаҳдории қабристонҳо"-ро қабул карда буд. Бино бар ин қарор, як қабр набояд аз ду метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ бештар бошад. Девори боло он низ набояд аз 1,5 метр зиёдтар бардошта шавад.

Сангтарош Юсуф дар яке аз қабристонҳои шаҳри Душанбе барои болои қабрҳо санг метарошад. Вай мегӯяд, аз тарошидани сангҳое, ки ба қарори ҳукумат мувофиқ нестанд, худдорӣ мекунад. Юсуф гуфт, "қоидаҳоро медонад" ва ҳаҷми сангҳоро ҳатто 1 сантиметр ҳам бештар наметарошад.

Ҳоло намояндагони Кумитаи заминсозӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар қабристонҳо тафтиш анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи қабристонбонҳо, намояндагон намегузоранд, ки болои қабрҳо сангҳои аз меъёр калонтар гузошта шавад.

"Қабр ҷои оромиш аст. Болои он иморат, мақбара ё санг гузоштан ҷоиз нест. Ин корро пайғамбар рад кардааст", - гуфт Абдулвоҳид Ҳомидов, як корманди Маркази исломии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, касоне, ки хилофи қарор болои қабрҳои наздиконашон мақбара ва ё санг гузоштаанд, ҷарима намешаванд. Танҳо мақбарву сангҳо тахриб мегарданд. Мақомот ба шаҳрвандон машварат медиҳанд, ки аз сохтани иморат боло қабрҳо худдорӣ кунанд ва маблағеро, ки барои мақбарасозӣ ҷудо кардаанд, дар сохтмони мактаб ва ё таъмири роҳҳо сарф кунанд.

XS
SM
MD
LG