Ссылки доступа

Таҳдиди раиси вилояти Фарғона ба зердастонаш: "рӯдаҳоятонро бар саратон "сала" мекунам"


Раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев дар як ҷаласа раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози ин вилоятро сахт сарзаниш карда, таҳдид мекунад, ки "рӯдаҳоятонро канда, бар саратон мепечонам".

Соҳибкоре, ки навори суҳбати Ғаниевро фиристод, мегӯяд, онро 22 май дар як ҷаласа дар бинои ҳукумати вилояти Фарғона сабт кардааст. Ғаниев аз раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози вилояти Фарғона "хоиноне ном мебарад, ки аз зери дор гурехтаанд".

"5-10 соли умрат дар зиндон хоҳад гузашт. Ба ман фарқ надорад, ки ту раҳбари Бюрои иҷрои иҷборӣ ҳастӣ, ё ниҳоди дигар. Дар ҳар сурат шумо, лаънатиҳоро зиндонӣ хоҳам кард. Худро ба зӯр қапида истодаам ва гарна рӯдаҳоятонро канда, бар саратон мепечонам", - мегӯяд ӯ.

Раиси вилояти Фарғона дар идома меафзояд, ки раҳбари ду ниҳоди мазкур зодаи шаҳри Тошканданд ва ба вилоят зарари зиёде расондаанд.

"Шумо пас аз таъйин шуданатон ба вазифаҳои раҳбарӣ дар Фарғона вилояти моро ба ботлоқ андохтед. Бори дигар огаҳ мекунам, ки ҳар дуяшонро зиндонӣ хоҳам кард. Агар нақшаро дар моҳи май иҷро накунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Ба ман ин гуна хоинҳо лозим нест. Онҳо мо - фарғонагиҳоро масхара доранд. Инҷо маҳз онҳое ҷамъ шудаанд, ки аз таги дор гурехтаанд", - изҳор медорад Ғаниев.

Шуҳрат Ғаниев бо кадом сабаб раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози Фарғонаро сахт сарзаниш мекунад, маълум нест. Вале аз суҳбатҳои ӯ фаҳмида мешавад, ки онҳо нақшаро иҷро накардаанд.

XS
SM
MD
LG