Ссылки доступа

Ҳайати Толибон дубора ба Москва рафт


Русия бори дигар шуморе аз сиёсатмадорони афғон ва намояндагони гурӯҳи террористии Толибонро ба Москва даъват кард. Ин афрод дар маросими таҷлил аз 100-умин солрӯзи робитаҳои дипломатии Афғонистон ва Русия ширкат карданд.

Маросими мазкур 28-уми май бо ҳузури чеҳраҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Афғонистон ва як ҳайати Толибон, дар Маскав оғоз шуд ва имрӯз поён меёбад.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроияи Афғонистон, Карим Халилӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, Ҳаниф Атмар, аз номзадҳои интихоботи президентӣ, Атомуҳаммади Нур, собиқ раиси вилояти Балх ва Фавзия Кӯфӣ, узви пешини порлумон аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин нишаст ҳастанд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар он маросим гуфт, “Москва бовар дорад, ки низои Афғонистон бо роҳи низомӣ ҳал намешавад. Роҳи ягонаи имконпазир ба сулҳ дар Афғонистон – роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад". “Мо даъват мекунем, ки нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон пурра бароварда шаванд. Мо аз ҳамаи ҷонибҳои Афғонистон мехоҳем ҳарчи зудтар бо дар бар гирифтани гурӯҳи густурдаи нерӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро оғоз кунанд”, - афзуд Лавров.

Толибон низ бар ин исрор меварзанд. Намояндаи гуруҳ рӯзи сешанбе дар Москва гуфт, дар гуфтугӯҳо бо мақомоти ИМА, ки дар Қатар ҷараён доранд, муҳлати бурунрафти эҳтимолии нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон баррасӣ мешавад. Толибон бовар доранд, ки дар даври навбатии гуфтугӯ ба созиш хоҳанд расид. Намояндаи ҳайати гуруҳ дар Москва изҳор дошт, ки қаблан онҳо бо Лавров мулоқотеро анҷом доданд ва низ тасмим доранд, бо намояндагони расмии дигари Русия дидору гуфтугӯ кунанд.

​Намояндагони Толибон ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсии афғон бо шумули Ҳомиди Карзай моҳи феврал низ дар Москва бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карда буданд. Дар он мақомҳои ҳукуматӣ иштирок надоштанд.

XS
SM
MD
LG