Ссылки доступа

Навбатпоии сокинони Ишқобод барои хариди шакару биринҷ


Дар назди фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон, аз ҷумла дар мағозаҳои бозори марказии пойтахт вақтҳои ахир навбатпоии сокинон барои харидани биринҷ ва шакар мушоҳида мешавад.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ видеои навбатпоии сокинонро дар назди фурӯшгоҳҳои Ишқобод дар даст дорад, вале ба хотири таъмини амнияти хабарнигоронаш аз нашри он худдорӣ мекунад.

Дар навор дида мешавад, даҳҳо одам барои харидани шакар дар назди фурӯшгоҳ навбат истодаанд. Дар пайи ба миён омадани навбатпоиҳо фурӯши биринҷ низ маҳдуд шуда, бар ҳар як нафар 3 кило биринҷ ва 1 кило шакар фурӯхта мешавад.

Нархи маҳсулоти фурӯшгоҳҳои давлатӣ нисбат ба бозор ва мағозаҳои хусусӣ арзон буда, дар ҳоли ҳозир як кило шакар 8 манат ва як кило биринҷ 7 манат (бо қурби расмӣ 2 доллар) фурӯхта мешавад. Нархи як кило биринҷ дар бозор 20 манат ва як кило шакар 12 манат аст.

Сокинони Туркманистон аз охирҳои соли 2017 ба ин сӯ бо мушкили норасоии маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, нон, равғани пахта ва тухм рӯбарӯ ҳастанд ва болоравии нархоҳо низ пайваста ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG